Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд

Март 3, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, кишоварзону чорводорони пешқадам ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор гардид. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҳамоиш паҳлуҳои гуногуни тақвияти иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ дар деҳот баррасӣ гардид.  Таваҷҷуҳ ба бахшҳои истеҳсолӣ, ки меҳвари асосии рушди иқтисоди маҳаллӣ ва боло рафтани сатҳи шуғли аҳолӣ мебошанд, яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Шуҳрат Азиззода иброз намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъсиси ҷойи нави кор дар деҳот, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ омили муҳим мебошад.

Дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки нархи пахта баланд бардошта шавад, заминҳои кишоварзӣ, махсусан заминҳое, ки ба корхонаҳои давлатӣ вобастаанд, самаранок истифода шаванд. Чунки  мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин категорияи заминҳо ба қамишзор табдил ёфтаанд. Инчунин пешниҳод гардид, ки дастрасии кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, барномаҳои маблағгузории давлатӣ ва фонди махсуси дастгирии истеҳсолот васеъ карда шавад.

Тавсия дода шуд, ки шартномаи иҷораи замини обӣ барои истеҳсоли хӯроки чорво, чарогоҳҳои зимистона ва тобистона аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ танҳо бо хоҷагидороне баста шавад, ки дар ҳақиқат шумораи муайяни чорво доранд. Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ барои коркарди пӯсту пашми чорвои майда барои чорводорон шароити мусоид  фароҳам оварад.

Иброз гардид, ки чунин мулоқоту гуфтугӯҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, дар таҳкими иқтидору имконияти соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон заминаи мустаҳкам мегузоранд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад