Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир аст ва роҳи баромад ба баҳр надорад, аз ин рӯ барои мо иртиботи нақлиётӣ на танҳо масъалаи инфрасохтор, балки масъалаи рушди иқтисодӣ, шуғл, устуворӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва дастрасии баробар ба имконот низ мебошад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» (Transforming transportation-2026), ки дар Вашингтон баргузор шуд, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронс бо ибтикори Бонки ҷаҳонӣ ва Маркази шаҳрҳои устувори WRI Ross гузаронида шуда, иштирокдорони он мавзуъҳои мубрам, аз қабили «Долонҳои устувор барои алоқаи устувор» ва «Таъсиси ҷойи кор ва таъмини рушди иқтисодӣ» — ро баррасӣ намуданд.
Дар робита ба он ки давлатҳои ҷаҳон ба рушди низомҳои муосири нақлиёт сармоягузорӣ мекунанд, конфронси «Таҳаввулоти нақлиёт» нақши муҳими ин низомро дар дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, ташкили ҷойи нави кор ва ҳавасмандгардонии сармоягузории бахши хусусӣ таъкид намуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон оид ба рушди инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётии мамлакат ибрози назар намуд. Аз ҷумла, гуфт, ки «мо пайваста дар талоши он ҳастем, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро ба бартарии стратегӣ табдил дода, мақоми давлати ҷолиби транзитӣ ва шарики боэътимоди минтақавиро тақвият диҳем».
Азим Иброҳим се самти асосии ҳалли ин масъала -рушди инфрасохтори устувори нақлиёт, баланд бардоштани самаранокии долонҳои нақлиётӣ тавассути такмил додани расмиёт, логистика ва рақамикунонии соҳа ва ташаккули платформаи дарозмуддати сармоягузорӣ барои рушди долонҳои нақлиётиро матраҳ намуд.
Дар анҷом иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, кишварҳои ҳамсоя ва бахши хусусӣ баррасӣ шуда, изҳор гардид, ки долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи мо ба долонҳои имконият ва рушди устувор табдил дода мешаванд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






