Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» дар мавзеи Хоҷабулбулони минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ иқдоми муҳими ниҳолшинонӣ амалӣ гардида, дар доираи он дар 30 гектар зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳолҳои ҷангалташкилкунанда шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин иқдом дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҳифз ва рушди захираҳои ҷангал, беҳтарсозии вазъи экологӣ ва ғанигардонии фонди ҷангал қадами устувор арзёбӣ мегардад.
Бунёди чунин майдони нави ҷангалзор ба таҳкими амнияти экологӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ин иқдом бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда, ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии экология равона гардид.
Ин иқдоми назаррас дар заминаи сиёсати давлатии рушди ҷангал ва афзоиши масоҳати сабз дар ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи муайян коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии номусоиди иқлим ба ҳаёти одамон ва мавҷудоти дигари зиндаи табиат гузаронида шуд.
АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






