Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 700 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод хабар медиҳад, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дарахтони олу, олуча, бодом ва тут шинонда шуда, бехи 750 токи ангур нарм карда шуд.
Инчунин дар ин минтақа охири моҳи феврал аз ҷониби омӯзгорону кормандони донишгоҳ 650 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла олу, олуболу ва бодом шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» ниҳолшинонӣ идома дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






