Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид

Март 4, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинону фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Золи Зар, Маданият, Ҳалевард, Навоӣ ва Навбаҳор дар мавзуи «Ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода иштирок намуданд.

Раиси ноҳия  баргузории чунин вохӯриро барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдат, сулҳу дӯстӣ ва таҳкими ҳамгироии мардум муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз баракати сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ халқи шарифи Тоҷикистон имрӯз дар фазои орому осуда умр ба сар бурда, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Иброз гардид, ки таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон, боло бурдани фарҳанги оиладорӣ ва густариши масъулиятшиносӣ аз омилҳои асосии таъмин намудани субот ва рушди устувори мамлакат ба шумор мераванд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба масоили вобаста ба ҷойгоҳ ва нуфузи зан дар ҷомеаи муосир, саҳми ӯ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, тарбияи насли солиму босавод ва ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки зан ҳамчун нахустин мураббии инсон дар муҳити оила нақши калидӣ ва тақдирсоз дорад ва маҳз аз фазои солими хонаводагӣ рушди маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа оғоз меёбад.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва эҳтироми мутақобила байни аъзои оила аз омилҳои муҳими тарбияи насли ватандӯсту худшинос маҳсуб мешавад.

Дар идома раиси Шурои уламо нақши ходимони дин ва аҳли зиёро дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, муҳим арзёбӣ намуд.

Ба таъкиди ӯ, мубориза бо андешаҳои ифротӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ танҳо дар ҳамкории зичи оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа самараи дилхоҳ медиҳад.

Иброз гардид, ки оилаи солим пояи ҷомеаи пешрафта буда, масъулияти тарбияи фарзанд танҳо ба зиммаи падару модар маҳдуд намегардад, балки тамоми ҷомеа дар ин раванд масъул аст. Ҳамкории муназзами ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ метавонад барои таҳкими фазои солими маънавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо масъалаи ҳифзи суннатҳои неки миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти оилавӣ ва пешгирии таъсири манфии равандҳои бегона аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Тазаккур дода шуд, ки таҳкими маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии занон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва фаъолсозии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Солҳои охир барои иштироки фаъолонаи занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, теъдоди занони роҳбар ва мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби занҳо рӯ ба афзоиш аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ густариши фарҳанги масъулиятшиносӣ ва боло бурдани маърифати оиладорӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии таъмин намудани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа, нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ, сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувори кишвар шуморида шуд.

Дар қисмати музокира намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ андешаҳои худро вобаста ба мавзуи вохӯрӣ баён намуданд.

Дар охир аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи марказии ноҳия ҷилдҳои нав аз силсилакитоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардид.

Ҳамчунин дар давоми рӯз чунин вохӯрӣ дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати шаҳраки Гулистон низ бо иштироки ҳайати меҳмонон ва сокинону фаъолони ҷамоати шаҳрак доир гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Март 4, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд