Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Роштқалъа бо мақсади ҳифзу нигоҳдории парандагону ҳайвоноти нодиру ваҳшӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ доданд.
Корҳои биотехникӣ дар ин минтақа аз охири моҳи ноябр то охири моҳи март гузаронида мешаванд. Зеро маҳз дар ҳамин давра парандагону ҳайвоноти нодир барои дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд ва аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданашон аз эҳтимол дур нест.
Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъа Одил Ёрбеков иброз намуд, ки ҳарчанд дар ҳамвориҳо имсол бориши борон ва барф камтар буд, аммо дар қуллаҳои кӯҳ ва кӯҳдоманҳо барфи ғафс заминро пӯшонд. Аз ин рӯ парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳалҳои аҳолинишин мефароянд.
Аз ин рӯ барои пешгирии чунин ҳолатҳо ҳамасола аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба маконҳои ҷамъшавии парандагону ҳайвоноти нодиру ваҳшӣ намудҳои гуногуни зироати донагӣ ва хӯроки чорво расонида мешавад. Давоми як ҳафта дар ҷараёни корҳои биотехникӣ беш аз 800 килограмм ғалладонагӣ ва миқдори муайяни хӯроки чорво дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагон гузошта шуд. Баъди ҳар cари чанд вақт мутахассисони соҳа ин маконҳоро бори дигар санҷида, боз ғизои иловагӣ мегузоранд.
Чунин корҳои биотехникӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят низ гузаронида шуда, барои анҷоми босамари ин маъракаи муҳими экологӣ дар ҳама ноҳияҳо ғизои кофӣ захира карда шудааст. Мақсади асосии чунин тадбирҳои экологӣ ҳарчӣ бештар коҳиш додани талафоти ҳайвоноту парандагон дар фасли зимистон мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин яке аз беҳтарин тадбирҳо барои ҳифз, нигоҳдорӣ ва афзоиши саршумори ҳайвоноту парандагони нодир дар мамлакат мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






