Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриёни хориҷ аз кишвари Миср Самар Ал-Аҳдал баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаҳои муҳим ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории рӯзҳои фарҳанг ду мамлакат ва барои имзо омода намудани лоиҳаҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта табодули назар карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






