Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид

Март 11, 2026 10:48

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Муовини сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Силтолӣ Силтолиев иброз намуд, ки ҳадафи мусобиқаи ҳарбию варзишӣ боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, обутоби руҳиву ҷисмонӣ ва дар оянда ба хизмати Ватан омода кардани наврасон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки он хонандагоне, ки дар чунин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми хизмати аскарӣ ба  мушкилоти ҷисмонию  равонӣ дучор намегарданд.

Наврасон аз намудҳои тирпаронӣ, ҷудо ва пайваст кардани силоҳ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, таҳия ва шарҳи рӯзномаи деворӣ бо ҳам рақобат карданд.

Дастаи ғолиб ба даври вилоятии  мусобиқа роҳхат гирифт. Даври вилоятии мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ватанпарвар» даҳаи якуми моҳи апрел доир шуда, дар он 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 11, 2026 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид