Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоию иктисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» қабул гардида буд, ки мутаассифона, ба таври дилхоҳ иҷро нашуд.
Ғайр аз ин, соҳаи саноати шаҳр бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ аст. Ҳоло 5 корхона, аз ҷумла КВД «Зари Кӯлоб» ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Суматра СТК», «Ваҳдат текстайл», «Ресандаи Кӯлоб» ва «Элдорадо» аз фаъолият бозмондаанд.
Бо таҳлили вазъи мазкур, Сарвазири мамлакат барои дар фурсати кӯтоҳтарин ба кор даровардани ин корхонаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ба истифодаи пурраи имкониятҳои шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёду барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, то барои иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сарфаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ масъулияти бештар дошта бошанд.













КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






