Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот оғоз гардида, то 19 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35 — солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмун аз чор давр иборат буда, даври якум моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм моҳи апрел дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) ва даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентяб дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мегардад.
Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳқиқот анҷом додаанд ё рисолаҳои илмӣ навишта ҳимоя кардаанд, доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






