Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид

Март 4, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ»- таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) конфронси илмӣ-маърифатӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад. Аз ин рӯ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иттилоот масъалаи ҳифзи мероси матбуот аҳаммияти махсус касб менамояд.

Гуфта шуд, ки нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ва дигар нашрияҳои таърихӣ имрӯз дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Ин иқдом на танҳо ҳифзи мероси таърихӣ, балки фароҳам овардани дастрасии васеи таҳқиқотӣ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёнро таъмин мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 1935 фаъолият дошта, ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории нашрияҳои даврӣ машғул аст. Шуъба бо тамоми имконият ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00-и шаб дар хизмати хонандагон қарор дорад.

Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Март 4, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид