Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Мақсади баргузории ҷаласа аз иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат иборат буд.
Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бояд муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби масъулини вилояти Суғд ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст






