Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар ёдовар шуданд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои гуногун ба мафкураи наврасону ҷавонон масъулияти занону модарон боз ҳам бештар мегардад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пешгирӣ аз хурофоту таассуб ва ифротгароиву бегонапарастӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила оғоз меёбад ва маҳз модар метавонад дар зеҳну шуури фарзанд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро ташаккул диҳад.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки тарбияи дурусти фарзанд кафолати саодатмандии ҳар хонадон, суботи ҷомеа ва амнияти давлат мебошад. Агар модар фарзанди худро ба омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар ва заҳматдӯстиву созандагӣ ҳидоят намояд, фардо ҷомеа ва давлат аз мушкилоту бадбахтиҳо эмин мемонад.
Иброз гардид, ки тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни модар оғоз ва бо меҳру муҳаббати модар ташаккул ва рушд меёбад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат ҳамаи занон-модарони кишварро даъват намуданд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ва махсусан одобу ахлоқи онҳо бо масъулияти баланд муносибат карда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ ҳидоят созанд. Зеро ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти насли нав мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






