Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад

Март 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консорсиуми ширкатҳои «HITACHI ENЕRGY»-и Шветсия ва «Cobra Instalaciones y Servicios S.A.»-и Испания хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000»-ро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) то моҳи майи соли 2028 ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин мувофиқа дар натиҷаи муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки дар шаҳри Людвикаи Шветсия оғоз гардид, ба даст омад.

Он имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ва истифодаи устувори иншооти калидии инфрасохтори лоиҳа таъмин гардида, ҳамзамон шароити мусоид барои анҷоми сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар ҳудуди Афғонистон фароҳам оварда шавад. Ба анҷом расидани он  соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Бо ин роҳ инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» то соли 2027 пурра ба шабакаи барқ пайваст карда мешавад.

Бояд гуфт, ки аз чор се кишвари иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон аллакай сохтмони иншоотро дар доираи лоиҳа ба анҷом расонидаанд. Интизор меравад, ки сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар Афғонистон то соли 2027 хотима ёбад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад