«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Март 3, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар доираи ин иқдом гулдухтарони Кумита ба аёдати собиқадорон ва занони фаъолу хизматнишондодаи соҳаҳои гуногун рафта, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ тақдим менамоянд. Ин ташаббус нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад.

Мақсад аз тақдими либоси миллӣ ба занон эҳёи суннатҳои неки миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар байни ҷомеа мебошад. Либоси миллӣ муаррифи таърих, тамаддун ва ҳувияти ҳар миллат ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон мақому манзалати занону модаронро пайваста таъкид намуда, чунин иброз доштаанд: «Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, тавъам омадани Рӯзи Модар бо оғози фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз рамзи неку саодатмандист».

Иқдоми «Ҳикмати Модар» ҳамчун ташаббуси муҳимми маънавӣ дар самти таҳкими эҳтиром ба занону модарон ва тарғиби арзишҳои миллӣ идома дорад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид