«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоиши ҷашнии «Ҷилваи зан — модар дар олами рангҳо», ки имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 38 мусаввара ва нимпайкараҳои нодир, ки маҳсули эҷоди рассомон ва муҷассамасозони маъруфи мамлакат мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар нигораҳо ва нимпайкараҳои ба намоиш гузошта симои зан — модари тоҷик бо тамоми латофат, меҳрубонӣ ва шукуҳи маънавӣ таҷассум ёфтааст.
Дар намоиш тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо осори эҷодкорони шинохтаи Тоҷикистон, аз қабили Раҳимов А. «Симои наттоқи телевизион Олимова Хосият», Лисиков И. «Симои Малика Собирова», Шипулин М. «Симои ҳунарпеша Туҳфа Фозилова», Юсупов О. «Симои Гулрухсор Сафиева», Ғаниев А. «Нимпайкараи Л. Зоҳидова», Иванов И. «Нимпайкараи Иқболбӣ Нозимова» ва дигарон аз наздик шинос шаванд.
Ҳадафи намоиш тавассути асарҳо инъикос намудани бузургии модар, бедор намудани эҳсоси муҳаббату эҳтиром нисбат ба занон ва муаррифии мероси гаронбаҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошони мамлакат дар ин мавзуи ҷовидона мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ гуфта шуд, ки зан-модар муқаддастарин мавҷуди рӯйи Замин ва чароғи хонадон буда, зиндагӣ аз ӯ оғоз меёбад. Арҷгузорӣ ба мақоми зан-модар ва пос доштани иззату эҳтироми ӯ вазифа ва қарзи ҳар фарзанди бонангу номус аст.
Намоиши ҷашнии «Ҷилваи зан — модар дар олами рангҳо» то 19 март идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






