Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ»- и Зубайдулло Давлатов, ки ба тозагӣ аз чоп баромадааст, рӯнамоӣ гардид. Китоб аз 62 боб иборат буда, дар он моҳияти истиқлолият, нақши он дар ташаккули давлатдории муосир, таъсири он ба худогоҳии сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоби ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба нашр расидааст.
Зимни рӯнамоии китоб мудири шуъбаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зафар Саидов иброз дошт, ки китоб ба таҳлили фарогир ва мукаммали масъалаҳои марбут ба Истиқлолияти давлатӣ, ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Иброз гардид, ки ин китоб дар заминаи таҷрибаи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат навишта шуда, истиқлолиятро на танҳо ҳамчун воқеаи таърихӣ, балки чун раванд ва масъулияти доимии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баррасӣ менамояд.
Дар рӯнамоии китоб олимону муҳаққиқон ва устодон доир ба таҳлилҳо ва мавзуъҳои дар китоб баррасишуда андешаҳояшонро пешниҳод намуданд.
Китоб барои олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳама хонандагоне, ки ба масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсати миллӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, ҳамчун манбаи муҳими назариявӣ ва амалӣ хизмат мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






