Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар

Март 12, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пайвасткунии тарофаҳои муфид, фармоиши SIM-кортҳо ва рақамҳои зебо, онлайн-машваратҳо – ҳамаи ин дар мағозаи интернетии shop.megafon.tj бе зарурати рафтан ба толорҳои алоқа дастрас мебошад. Хотиррасон мекунем, ки маҳз кадом хизматрасониҳоро МегаФон Тоҷикистон дар арафаи 25-солагии таъсиси ширкат ба мизоҷони мағозаи интернетӣ пешниҳод менамояд.

Сарфаи вақт

SIM-корти нав ё рақами зебо лозим аст? Фармоиш додани онҳо дар мағозаи интернетӣ осонтар мебошад. Харидро метавон дилхоҳ вақт дар хона, ҷойи кор ё ҳатто дар роҳ ба расмият даровард. Фармоишҳо дар давоми се рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас ба наздиктарин толори алоқа барои анҷоми тартиби барасмиятдарорӣ равона карда мешаванд.

Мағозаи интернетӣ аз рӯйи принсипи «як мизоҷ – як экран» кор мекунад: тамоми маълумот ба истифодабаранда худи ҳозир ва ҳамин ҷой бе навбатпоиҳою интизориҳо дастрас мебошад. Сатри қулайи ҷустуҷӯ бошад, имкон медиҳад, ки тамоми маводи барои истифодабаранда лозимӣ зуд пайдо карда шавад. Ҳамин тавр, рақамро метавон бо суроғаи https://shop.megafon.tj/podobrat-nomer интихоб намуд.

Фармоиши пешакӣ ва музоядаи рақамҳо

Баъзе муштариён мехоҳанд, ки рақамро бо комбинатсияи махсуси рақамҳо – ки аз санаи таваллуди онҳо, рақами мошинашон иборат аст, ё рақами ба рақами шахси наздикашон монандро дастрас кунанд. Агар чунин комбинатсия ҳоло мавҷуд набошад, метавон дархост гузошт. Ҳамин ки рақами зарурӣ дастрас мешавад, бо мизоҷ тамос гирифта мешавад.

Дар баробари ин, дар мағозаи интернетӣ музоядаи рақамҳои зебо гузаронида мешавад: зимни он метавон комбинатсияҳои камёфтро бо пешниҳоди нархи беҳтарин пайдо намуд. Ҳамаи дархостҳо кушоду равшан инъикос меёбанд. Барои онҳое, ки интизор шудан намехоҳанд, имконияти харид аз рӯйи блитс-нарх пешбинӣ шудааст. Муфассалтар дар бораи музояда: https://shop.megafon.tj/auction

Рақамҳои «қиматбаҳо» бо тахфиф ё ройгон

Дар мағозаи интернетӣ мунтазам иқдомҳои махсус ҷараён мегиранд ва дар бисёри мавридҳо онҳо ба рӯзҳои идона бахшида шудаанд. Масалан, алҳол ба истифодабарандагон то 100 фоиз тахфиф барои бисёр рақамҳои «қиматбаҳо» дастрас мебошад. Пешниҳодҳо бо тарофаҳои пешпардохтӣ махсусан муфид арзёбӣ мешаванд: ҳангоми пардохти маблағи тарофа ба муҳлати 6-9 моҳи минбаъда мизоҷон имкон доранд, ки рақамҳоро бо арзиши то 4 000 сомонӣ туҳфа бигиранд. Ба ғайр аз ин, рақамҳои «платинагӣ», «тиллоӣ», ва «нуқрагин» дар мағозаи интеннетӣ дар назар ба офлайн-толорҳо арзонтар мебошанд.

Интихоби муносиби тарофа

Дар қисми тарофаҳо маълумот оид ба арзиш ва таркиби бастаҳои хизматрасониҳо дар шакли то ҳадди имкон возеҳ ва фаҳмо оварда шудааст. Мизоҷ имкон дорад, ки мустақилона тарофаро интихоб карда, бо назардошти ниёзу талаботи худ пайваст намояд. Муфассалтар: https://shop.megafon.tj/bisoz

Онлайн-машваратҳо ва дастгирӣ

Агар мизоҷ савол дошта бошад, ӯ метавонад тариқи онлайн машварат гирад, занги ҷавобӣ фармоиш диҳад, бо оператор тариқи Telegram ё Instagram дар тамос шавад.

Реҷаи кори мағозаи интернетӣ: душанбе – ҷумъа аз соати 9:00 то 18:00, шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.

Вобаста ба кори мағозаи интернетӣ ва хизматрасониҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» саволҳо доред? Ба (+992) 880 880 880 занг занед ё ба почтаи IM@megafon.tj нависед.

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj – муносиб, зуд, муфид!  

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Март 12, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд