Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 2 март то 28 апрел давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 баргузор мегардад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир меандешад?
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол дар асоси озмун 291 корманди муваққатӣ аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Онҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ дар ҷумҳурӣ аз омӯзиши махсус гузаштаанд.
Маркази миллии тестӣ бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 якчанд навгонӣ ворид намудааст. Аз ҷумла, саволу масъалаҳои навъи кушода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) ворид карда шудаанд.
Инчунин тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод гардидааст. Довталабон аз ин донишкада то 12 комбинатсияи ихтисоси супоридани имтиҳони қисми В-ро талабкунандаро, новобаста аз он ки талаботи имтиҳонҳо чӣ гуна аст, интихоб карда метавонанд.
Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар минтақаҳо (шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз, Рашт ва Айнӣ) барои баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, субтестҳо аз забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар шакли варақаҳои алоҳида чоп карда мешавад.
Ҳамзамон барои довталабоне, ки ихтисосҳои самти филологияи узбекро интихоб мекунанд, маҳдудият бекор карда мешавад.
Имсол Маркази миллии тестӣ дар шакли ҷадвали ҳамкунишӣ (интерактивӣ) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки ба довталабон пешниҳод карда мешаванд, дар сомонаи Марказ (https://spec.ntc.tj/) ҷойгир менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






