Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири донишгоҳ шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда аз Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии донишгоҳ дидан намуда, бо фаъолияти ин марказ, ки ба рушди малакаҳои амалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат равона гардидааст, шинос шуд.
Дар доираи муаррифӣ ба меҳмон имконоти омӯзишӣ, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои омӯзишии марказ, ки ба баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбии донишҷӯёну шаҳрвандон мусоидат мекунанд, муаррифӣ гардиданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рушди инфрасохтори таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ изҳори омодагӣ намуд.
Ташрифи Президенти Бонки Осиёии Рушд ба донишгоҳ қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои рушди устувор дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки Бонки Осиёии Рушд дар доираи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми назаррас гузошта, ба амалисозии зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 2,9 миллиард доллар мусоидат намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»

































Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






