МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад

Март 26, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) аз 2 март то 28 апрел идома меёбад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват намудааст, ки аз интихоби фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил бояд огоҳии кофӣ дошта бошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин марказ.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб менамоянд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.

Ба андешаи мутахассисон, ҳангоми интихоби ихтисос ё касб довталаб бояд бештар дониш ва лаёқату истеъдодашро ба назар гирад ё пеш аз интихоб бо мутахассиси он соҳа машварат намояд. Бояд хуб андешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст. Инчунин ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5-6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар мавриди кам будани талаби бозори меҳнат ба он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад.

Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар ва омӯзгорро ба эътибор гирифтан ба нафъи довталабон мебошад.

Ҳар кас бояд ихтисосе интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату дониш, тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онро интихоб кунад. Танҳо дар ҳамин ҳолат интихоби касбу  ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.

Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бораи дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну наздикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯ шудан довталабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳорату малакаи худ вақту муҳлати то оғози имтиҳонҳо боқимонда ва шароиту имконияти муҳайёкардаи Марказро барои азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода баранд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи намунаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонӣ, ки Марказ таҳия ва нашр намудааст, ҳамчунин хизматрасонии «Худро бисанҷ» ёрӣ мерасонад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд