МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид

Март 7, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 / АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои муқаддас ва зебои фарҳанги миллии тоҷикон буда, ба фасли эҳёи табиат – оғози баҳори нозанин рост меояд. Ин рӯз рамзи муҳаббат, гармии қалб, покӣ ва садоқат ба ҳисоб рафта, мақоми модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат асоси тарбияи инсонро боз ҳам барҷастатар менамояд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода зимни ҳамоиши  тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш иброз гардид, ки нақши бузурги занону модарон дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа, тарбияи насли солим ва рушди мамлакат назаррас аст. Иброз гардид, ки модар сарчашмаи зиндагӣ, мураббии нахустини инсон ва чароғи роҳнамои ҳар фарзанд мебошад.

Гуфта шуд, ки эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба бузургон, ғамхорӣ нисбат ба наздикон ва масъулиятшиносӣ маҳз аз оғӯши гарми модар оғоз мегардад. Модар бо меҳрубонӣ ва фидокории худ на танҳо фарзанд, балки ҷомеаро тарбия намуда, дар ташаккули шахсияти инсон нақши ҳалкунанда мебозад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занон дар ҷомеаи муосири тоҷик рӯз ба рӯз боло рафта, барои фаъолияти босамари онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Занону духтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар рушди муассиса саҳми назаррас доранд. Дар айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 300 зан фаъолият дошта, қариб 100 нафари онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошанд. Занон дар самтҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар идомаи ҳамоиш як зумра собиқадорон, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 7, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд