МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид

Март 7, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Бонки миллии Тоҷикистон   бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин бонк.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Модар дар ҳама давру замон рамзи бақо, сарсабзӣ ва хуррамии зиндагӣ мебошад ва ин ҷашн дар арафаи Наврӯз нишон медиҳад, ки фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша бо давру замон ҳамоҳанганд.

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониашон ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо нақши  занони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем  ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи ҷумҳурирамон ифтихор дорем».

«Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории занони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Ҳоло  252 нафар кормандони бонкро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 34 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд», гуфт Фирдавс Толибзода.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ муҳити идонаи ҳамоишро пур аз эҳсоси гармиву самимият намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 7, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2000 то 10.5553 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст