Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 март муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрии майдонҳои кишти зироат, инчунин раванди кишти картошка ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар ноҳияи Фархор шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳад.
Гурӯҳи корӣ дар навбати аввал бо кишти пахта бо усули зериплёнка, нашъунамои зироати кишоварзӣ ва тадбирҳои андешида барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах аз наздик шинос гардид.
Зимни шиносоӣ гуфта шуд, ки истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳифзи ҳосил яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа ба ҳисоб меравад. Инчунин ба масъулин барои истифодаи самараноки замин, тақвияти корҳои саҳроӣ ва пешгирии хатари ҳашароти зараррасон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Иброз гардид, ки дастуру тавсияҳои пешниҳоднамудаи аъзои гурӯҳи корӣ ба фаъолияти минбаъдаи ҳадафноки кишоварзони ноҳия ва рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидати ҳамаҷониба мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






