Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд

Март 13, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки аз 9 то 19 март дар  қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, иштирок дорад.

Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар доираи ин ҷаласа аз ҷониби намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Кения дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  ва «UN-Habitat» таҳти унвони «Ҳуқуқи занон барои мудирияти замин ва захираҳои табиӣ» ҳамоиши канорӣ баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти пешбурди баробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба замин ва захираҳои табиӣ сухан гуфт. Ҳамзамон иброз дошт, ки занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории ҷомеаҳои деҳот нақши муҳим доранд.

«Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсия, Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» ҳуқуқҳои баробари занон ва мардонро барои гирифтани қитъаҳои замин, истифода ва ба мерос гирифтани онҳо кафолат медиҳад», – изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба таҳкими раванди мудирияти марбутаи замин, пешбурди рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои пешбурди ҳуқуқҳои дахлдори занон мутобиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор табодули назар намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 13, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд