Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди кишварҳо барои муаррифии симои мусбати худ дар арсаи байналмилалӣ истифодаи иқтидори фарҳангӣ ба яке аз абзорҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина «дипломатияи фарҳангӣ» ҳамчун воситаи муҳими таҳкими сулҳ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ нақши бориз дорад. Барои Тоҷикистон, ки дорои таърихи ғанӣ ва мероси бостонии тамаддунӣ мебошад, ҷашни Наврӯз ба ҳайси падидаи нодири фарҳангӣ ва умумибашарӣ метавонад ба бренди пуриқтидори миллӣ табдил ёбад.
Маҳз бо чунин ҳадафҳо 17 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид, ки ба минбари муҳими табодули афкор байни намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносон, олимон, бахши хусусӣ ва корпуси дипломатӣ табдил ёфт. Форум идомаи мантиқии ташаббусҳои солҳои қаблӣ буда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории фарҳангӣ, тавсеаи сайёҳӣ ва муаррифии Наврӯзро ҳамчун ҷашни умумибашарӣ мавриди баррасии амиқ қарор дод.
Таҳлил нишон медиҳад, ки натиҷаҳои форум фарогири чанд самти муҳим мебошанд. Пеш аз ҳама, иштирокчиён нақши калидии Наврӯзро дар таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва густариши робитаҳои гуманитарӣ таъкид намуданд.
Баён гардид, ки Наврӯз бо арзишҳои инсонпарваронааш — дӯстӣ, ҳамдилӣ, эҳтиром ба табиат ва созандагӣ метавонад ба платформаи устувори ҳамкории байналмилалӣ табдил ёбад.
Қабули Баёнияи форум, ки самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаро дар бар мегирад, қадами муҳиме дар самти институтсионализатсияи ташаббусҳо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳияи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои наврӯзӣ», тақвияти таблиғ дар фазои иттилоотии байналмилалӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ ба ин раванд, ҳамчун афзалиятҳои асосӣ муайян гардиданд.
Дар ин радиф, бояд таъкид намуд, ки дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар самти муаррифии Наврӯз ва табдил додани он ба падидаи умумибашарӣ, пеш аз ҳама, ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим доранд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба феҳристи ҷашнҳои ҷаҳонӣ ворид гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи сулҳу ҳамдилӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.
Ҳамзамон дар сатҳи пойтахт татбиқи амалии ин сиёсати фарҳангпарварона бо ибтикору дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ба роҳ мондани барномаҳои мукаммали фарҳангию фароғатӣ, баргузории форумҳо, фестивалҳо ва карнавалҳои наврӯзӣ пойтахт ба маркази муҳими таҷлили бошукуҳи Наврӯз ва муаррифии фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки ташаббусҳои саривақтӣ ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ заминаи устувор барои табдил додани Наврӯз ба бренди ҷаҳонӣ фароҳам меоранд. Аз ҷумла, пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун иқдоми муҳими стратегӣ метавонад ба платформаи доимии омӯзиш, муаррифӣ ва тарғиби мероси фарҳангии тоҷикон табдил ёбад.
Ин ташаббус на танҳо аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияти сиёсиву тамаддунӣ дошта, барои таҳкими ҳувияти миллӣ, муаррифии таърихи бостонии тоҷикон ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои фарҳангии ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар сатҳи пойтахт бо ибтикори созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдоми назаррас дар самти ободонӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ амалӣ мегарданд.
Ин ҳама иқдом дар маҷмуъ нишон медиҳанд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти кишвар ва мақомоти шаҳр ба рушди устувори соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ ва таҳкими бренди миллии Наврӯз нигаронида шудаанд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр дар асоси нақша ва ҷадвали мушаххаси чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, ки ин таҷрибаи муваффақ метавонад барои дигар минтақаҳои кишвар низ намунаи ибрат гардад.

Дастгириҳои пайваста ва сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ва мақомоти шаҳрӣ имкон фароҳам овардааст, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки чун абзори муҳими «дипломатияи фарҳангӣ» ва бренди миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намояд.
Дар ин замина, таҷрибаи Душанбе метавонад ҳамчун модели муваффақ барои тамоми минтақаҳо хизмат намояд. Хуб мебуд, агар дар саросари ҷумҳурӣ таҷлили Наврӯз дар асоси «Тақвими ягонаи миллӣ» бо шукуҳу шаҳомати хос ва ҳамоҳангии комил ба роҳ монда шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки Наврӯз ҳамчун маҳсулоти мукаммали сайёҳӣ бо ҷалби минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ шавад.
Имрӯз Наврӯз танҳо ҷашни фарҳангӣ нест, балки метавонад ба бренди рақобатпазири байналмилалӣ табдил ёбад. Брендикунонии Наврӯз, пеш аз ҳама, маънои ташаккули симои ягона, шинохт ва мавқеъгирии онро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва фарҳангӣ дорад.
Дар ин самт баргузории чунин форумҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Онҳо имконият фароҳам меоранд, ки:
- Наврӯз ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври касбӣ муаррифӣ гардад;
- таваҷҷуҳи сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ ҷалб карда шавад;
- ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият ёбад;
- симои мусбати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким ёбад.
Бо назардошти натиҷаҳои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» барои рушди минбаъдаи бренди Наврӯз пешниҳодҳои зерин муҳим арзёбӣ мегарданд:
- Тақвими ягонаи миллӣ ва байналмилалӣ. Таҳия ва тасдиқи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯзӣ» на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки бо ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки имкон медиҳад таҷлили он ба раванд ва платформаи фаромиллӣ табдил ёбад.
- Эҷоди платформаи рақамии Наврӯз. Ба роҳ мондани портали ягонаи бисёрзабонаи Наврӯз (тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, арабӣ ва ғ.), ки тамоми иттилоот, барномаҳо, бастаҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти фарҳангиро дар бар гирад.
- Таҳияи маҳсулоти сайёҳии махсуси наврӯзӣ. Омода намудани «Navruz tour packages», ки таҷрибаи пурраи ҷашн — аз иштирок дар карнавалҳо то шиносоӣ бо анъанаҳо ва таомҳои миллиро пешниҳод намоянд.
- Брендинги визуалӣ ва маркетингӣ. Ташаккули логотип, услуби ягонаи визуалӣ ва маҳсулоти таблиғотии Наврӯз барои истифода дар сатҳи байналмилалӣ.
- Ҷалби блогерҳо ва расонаҳои байналмилалӣ. Ҳамкорӣ бо инфлюенсерҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва платформаҳои рақамӣ барои инъикоси васеи Наврӯз дар ҷаҳон.
- Ҳамгироӣ бо дигар ҷашнҳои миллӣ. Пайвастани Наврӯз бо ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон барои ташаккули як силсилаи чорабиниҳои фарҳангии солона.
- Рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳо. Муайян намудани мавзеъҳои калидии сайёҳӣ дар айёми Наврӯз ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар онҳо.
- Ташкили мавзеъҳои махсуси табиӣ барои таҷлили Наврӯз дар минтақаҳо. Бо мақсади рушди фарҳанги истироҳати оммавӣ ва муаррифии зебоиҳои табиати кишвар, мувофиқи мақсад аст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мавзеъҳои махсуси куҳӣ дар домани табиат барои сайри саҳроӣ (пикник) ва истироҳати баҳории сокинон, бахусус дар арафаи Наврӯз, муайян карда шаванд. Ин иқдом метавонад ба ташаккули анъанаҳои нави фароғатӣ, ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди сайёҳии экологӣ мусоидат намояд.
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» бори дигар собит сохт, ки Наврӯз метавонад ба воситаи пуриқтидори «дипломатияи фарҳангӣ» ва бренди миллии Тоҷикистон табдил ёбад. Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд, балки заминаи устувор барои рушди иқтисоди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ фароҳам меоранд.

Дар шароити муосир, ки кишварҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ рақобат доранд, Тоҷикистон метавонад маҳз тавассути Наврӯз мавқеи худро ҳамчун мамлакати дорои тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги инсонпарварона устувор намояд.
Аз ин рӯ, татбиқи пайгиронаи ташаббусҳои пешниҳодшуда ва ҳамоҳангсозии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ метавонад Наврӯзро ба бренди ҷаҳонӣ табдил диҳад, ки на танҳо рамзи баҳору эҳё, балки нишони сулҳ, ваҳдат ва ҳамкории байни халқҳо хоҳад буд.
Дилшоди ҶАМШЕД,
мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад






