Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад

Март 6, 2026 09:39

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иқтисодӣ масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарҳуқуқӣ, фароҳам овардани имконияти васеи таҳсилу фаъолият ва ҳимояи иҷтимоии занон ба таври пайгирона амалӣ мегардад. Ин раванд на танҳо иқдоми иҷтимоӣ, балки ҷузъи таркибии стратегияи рушди миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

— Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид. Дар ин раванд масъалаи иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавқеи муҳим пайдо кард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи баробарҳуқуқии мардону занон муқаррар гардида, заминаи ҳуқуқии иштироки занон дар идоракунии давлатӣ таъмин шуд. Қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла қонуни танзимкунандаи кафолатҳои баробарҳуқуқӣ, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон ва барномаҳои давлатии рушди оила шаҳодат медиҳанд, ки масъалаи занон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон механизми квотаи президентӣ барои духтарон аз минтақаҳои дурдаст ҷорӣ гардид, ки имкон медиҳад ҳар сол садҳо духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шаванд. Ин иқдом ба таҳкими пояҳои кадрии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати занон мусоидат менамояд.

Имрӯз занони тоҷик дар сохторҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд. Шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳо  ва дигар сохторҳо тадриҷан меафзояд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ ба ҷалби занони соҳибмаълумот ва ташаббускор ба вазифаҳои роҳбарикунанда равона гардидааст. Пешвои миллат дар суханрониҳояшон пайваста  таъкид менамоянд, ки иштироки занон дар идоракунии давлат омили муҳими рушди устувор мебошад. Ҳамзамон иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёфтааст. Ин падида нишонаи болоравии фарҳанги сиёсӣ ва худшиносии иҷтимоии занон мебошад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон дастгирии иқтисодии занон ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳазорҳо занон дар бахши соҳибкории хурду миёна фаъолият доранд. Бо дастгирии давлат ва Ҳукумат грантҳои президентӣ, қарзҳои имтиёзнок ва барномаҳои омӯзишӣ барои рушди тиҷорати занон амалӣ карда мешаванд. Занони деҳот, ки қаблан имконияти маҳдуди иқтисодӣ доштанд, имрӯз бо истифода аз имконоти мавҷуда дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолот фаъолият мебаранд. Ин раванд ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии оилаҳо ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд. Рушди соҳибкории занон на танҳо ба манфиати худи онҳо, балки ба рушди иқтисоди миллӣ низ таъсири мусбат мерасонад, зеро ҳар корхонаи хурд манбаи ҷойи нави кор ва афзоиши истеҳсолот мебошад.

Зан ҳамчун модар ва тарбиятгар дар сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи марказӣ дорад. Барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва пешгирии хушунати хонаводагӣ амалӣ карда мешаванд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи таҳкими оила ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон зоҳир мешавад. Тавассути маъракаҳои иттилоотӣ, фаъолияти марказҳои машваратӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ гузаронида мешаванд. Ин сиёсати иҷтимоӣ ба таҳкими суботи ҷомеа ва устувории арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ занон аксарияти кормандонро ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамчун омӯзгор, табиб, олим ва ҳунарманд дар тарбияи насли наврас ва рушди маънавии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, дастгирии ташаббусҳои фарҳангӣ ва ҳифзи мероси миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад. Занони фаъол дар тарғиби арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва фарҳанги суннатӣ нақши муассир доранд. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки занон дар таҳкими сулҳ ва суботи ҷомеа неруи созанда мебошанд. Дар солҳои барои давлат бисёр ҳассос занон ҳамчун тарғибгари сулҳ ва ваҳдат баромад намуда, дар барқарорсозии ҳаёти осоишта саҳм гузоштанд. Имрӯз низ онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дастгирии пайвастаи занон дар сиёсати давлатдории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти системавӣ ва стратегӣ дорад. Аз такмили заминаҳои ҳуқуқӣ то рушди соҳибкорӣ, аз баланд бардоштани маърифат то ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ- ҳамаи ин тадбирҳо ба таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа равона шудаанд. Имрӯз занони тоҷик на танҳо тарбиятгар ва нигаҳбони оила, балки иштирокчии фаъоли равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, барои рушди устувори давлат заминаи боэътимод фароҳам намудааст. Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад бо итминон ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад.

Мунира АКМАЛОВА,
директори Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ

Март 6, 2026 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд