Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд

Март 29, 2026 11:47

ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ дорои имкониятҳои фаровон дар соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат намояд.

Самти дигари муҳими фаъолияти ин марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи фаъолияти марказ имконияти таҳия ва татбиқи низомҳои электронии бақайдгирии беморон, кортҳои электронии тиббӣ ва платформаҳои рақамии идоракунии маълумоти тиббӣ фароҳам оварда мешавад.

Татбиқи низомҳои муосири пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва платформаҳои қарздиҳии онлайн метавонад шаффофият ва бехатарии амалиёти молиявиро таъмин намуда, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва «сабз» мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ин иқдоми нек дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи ғамхорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд 29.03.2026

Март 29, 2026 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон