Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд

Март 30, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ — феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, махсусан, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарур шумурда шуд, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд.

Зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ин робита, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо  либоси мактабӣ дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин намуда, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд.

Зимни таҳлили соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Супориш дода шуд, ки масъулини сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Суғд дар моҳҳои январ — феврали соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба Президенти кишвар гузориш доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳои ҳамешагӣ, ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардум изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки то ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд 30.03.2026

Март 30, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад