Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд

Март 29, 2026 10:32

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.

Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қуттии тоҷик» буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Марҳилаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд.

Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд.

Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид.

Шумораи кормандон аз 80 кас қаблӣ ба 130 кас расонида шуд. Маҳсулот дар шаклу ҳаҷми гуногун дар асоси фармоиши мизоҷон бо пешниҳоди дилхоҳи дизайн ва ҷавобгӯи талабот истеҳсол мешавад. 70 дарсади ашёи хом дохилӣ буда, воридот 30 дарсадро ташкил медиҳад.

Корхонаи “Қуттии тоҷик” ҳоло бо зиёда аз 20 ширкати ватанӣ шартномаи корӣ бастааст ва талабот ба ин навъи маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Гузариш аз 8 марҳилаи коркард ба мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои дохилу хориҷ мусоидат мекунад.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки корхона пас аз қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ маҳсулотро ба хориҷи кишвар ҳам содир менамояд.

Дар соли 2025 корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намудааст. Ин нишондод дар заминаи фаъолияти марҳилаҳои 1 ва 2-и корхонаи “Қоғази тоҷик” афзоиш ёфта, ба мубодилаи молу маҳсулот низ такони нав бахшид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чунин ҳадафҳоро дар устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ ва рушди дигар бахшҳои давлатдорӣ муассир арзёбӣ намуда, масъулонро ба афзун сохтани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф карданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2026

Март 29, 2026 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд