Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд

Март 4, 2026 11:24

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригули Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо аҳамияти идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид карданд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев 04.03.2026

Март 4, 2026 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд