Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд

Март 30, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо фарогирии намоиши ҷашну анъанаҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Ҷопон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кейко, роҳбарият ва намояндагони Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷии мамлакат доир ба рушди ҳамкории фарҳангӣ сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки фарҳанг ҳамчун пули пайвандгари дӯстӣ хизмат намуда, чунин чорабиниҳо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони ду кишвар мусоидат менамоянд.

Дар намоиш анъанаву суннатҳои миллии мардуми Ҷопон, аз қабили фарҳанги чойнӯшӣ ва омода намудани чой, либосҳои миллӣ, ҳунари хушнависӣ, намунаҳои бозиҳои варзишӣ, бозичаву армуғонҳо, ҷашну маросим ва маълумот оид ба марказҳои забономӯзии ҷопонӣ пешкаши тамошобинон гардид. Ҳар бахши намоишгоҳ имкон фароҳам овард, то тамошобинон фазои нодири кишвари тулуи Офтоб- Ҷопонро амиқтар дарк намоянд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии пойтахт табдил ёфт. Он робитаҳои фарҳангии байни ду давлатро тақвият бахшида, таваҷҷуҳи зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 30, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст