РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Форумҳои Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои муҳокимаи фарогиртари масъалаҳои об, ки гурӯҳҳои гуногуни манфиатдорро бо назардошти хусусияти минтақавӣ ҷалб менамоянд, платформаи иловагиро фароҳам меоранд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳар форум ба дастгирии конфронс тавассути амиқтар кардани фаҳмиш ва суръат бахшидан ба амалҳо барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи амал оид ба об равона карда мешавад. Дар иртибот ба ин ба созмондиҳандагони форумҳо тавсия дода мешавад, ки ба таҳаввулот ва тавсияҳои мавҷуда, аз ҷумла тавсияҳои ҷаласаи омодагии вохӯрии Дакар барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 дар Ню-Йорк такя намоянд.
Инчунин ба ҳайатҳои манфиатдор имкон дода мешавад, ки дар доираи конфронс чорабиниҳои мувозӣ ташкил намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






