Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод аз ҷониби соҳибкорон 38,1 километр роҳҳои мошингард мумфарш гардиданд. Аз ин шумора ба маблағи 744 ҳазор сомонӣ роҳҳо шағалпӯш, 5 километр роҳ ба маблағи 1 миллиону 436 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш шуда, ва таъмири як пул ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба таъмиру барқарорсозии роҳҳо аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои мақомот ва ҷалби соҳибкорон роҳҳои маҳаллӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои роҳсозӣ мумфарш карда шуданд.
Ҳамчунин роҳҳои мошингарди чандин маҳаллае, ки таъмирталаб буданд, аз таъмири асосӣ бароварда шуда, асфалпӯш карда шуданд. Ин нишони он аст, ки рӯз ба рӯз кӯчаҳои шаҳр ободу зебо гардида, симои ноҳияро дигаргун менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






