РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд

Март 26, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро 574 ҳазору 761 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуданд, ки аз ин шумора 536 ҳазору 332 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 38 ҳазору 429 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра сайёҳон бештар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин табиати нотакрори мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, аз ҷумла Сари Хосор, Чилдухтарон ва оромгоҳи Султон Увайси Қараниро тамошо кардаанд.

Дар айни замон дар минтақа беш аз 35 мағозаи фурӯши армуғонҳо барои сайёҳон фаъолият менамоянд. Дар ин мағозаҳо беш аз 60 номгӯй маҳсулоти гуногун ба фурӯш гузошта шудааст. Инчунин дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Балҷувон марказҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд.

Дар минтақаи Кӯлоб 472 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 27 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 73 меҳмонхона,  54 мавзеи сайёҳӣ,  28 осорхона, 15 ширкати сайёҳӣ,  78 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок мебошад. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат маблағҳои зиёд ворид гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд.

Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 26, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд