Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд

Март 13, 2026 08:52

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко мулоқот анҷом дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниминтақавӣ байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленинград мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо барои таҳким ва татбиқи санадҳои имзошуда байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленинград ибрози ҳавасмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ муаррифӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Март 13, 2026 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд