Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлатдорӣ хизмат менамояд. Ин нукта зимни ҳамоиш дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавзеҳ дода шуданд.
Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатро муайян намуда, роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлатро муайян менамояд. Ба андешаи иштирокдорони ҳамоиш, дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳои калидии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди мамлакат арзёбӣ шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба таъсиси ҷойи нави кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ пояи асосии рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг ба нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






