Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 март дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) баргузор гардид, ки он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Конгресси ҷаҳонии мобилӣ яке аз бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои мобилӣ ва телекоммуникатсия ба ҳисоб рафта, ҳар сол намояндагони пешсафи ин соҳаро аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон гирди ҳам меорад.
Дар доираи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати VOX Solutions Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷонибҳо омодагии худро барои баррасӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва алоқаи собит изҳор намуданд.
Байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Systemics ва байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ва ширкати Systemics Ёдошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷатҳои баимзорасида ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, амали намудани қарорҳои муосири технологӣ ва таҳкими инфрасохтори телекоммуникатсионӣ равона гардидаанд.
Инчунин Ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии Net Solution ва ширкати GMS ба имзо расид.
Ҳамзамон Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи Барномаи вазирони Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин иштирокчиён доир ба густариши фарогирии рақамӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва нақши сиёсати самараноки идоракунии спектр дар рушди инфрасохтори рақамӣ табодули назар карданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU хонум Дорин Богдан-Мартин баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ITU баррасӣ шуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






