Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии Сомони Истиқлол бунёд шудааст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамчун як қадами устувор дар роҳи рушди соҳибкорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад. Бо ба кор даромадани бинои мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва эҳсоси ватандӯстӣ фаъолият намоянд. Баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, аз худ кардани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки хизматрасонӣ ба соҳибкорон бояд шаффоф, босифат ва саривақтӣ бошад. Кормандон бояд барои фароҳам овардани муҳити мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ талош намоянд.
Бинои навбунёд бо назардошти талаботи муосир сохта шудааст. Он дорои ду шуъбаи асосӣ — шуъбаи экспертиза ва сертификатсия ва шуъбаи робитаҳои иқтисоди беруна мебошад. Ҳар як бахш бо таҷҳизоти пешрафта таъмин гардида, барои хизматрасонии босифат ба соҳибкорон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар ошёнаҳои болоии бино толори барҳаво барои маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд. Толори маҷлис бо техникаи муосири аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки ҳамоишҳои сатҳи баланд, форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои корӣ дар шароити муносиб баргузор гарданд. Ҳуҷраҳои корӣ бошанд, барои фаъолияти самараноки кормандон бо тамоми шароити зарурӣ таъмин шудаанд.
Саҳни бино низ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст. Он пурра сабзкорӣ шуда, дарахту гулҳои ороишӣ фазои зебо ва фароғатиро фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, барои нақлиёти хизматӣ таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидаанд.
Ифтитоҳи чунин як иншооти муҳими иқтисодӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Палатаи савдо ва саноат ҳамчун як ниҳоди калидӣ дар густариши ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Он барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва шарикони хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар ин рӯз, ҳамчунин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти иҷтимоию истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Маркази ташхисию табобатии Нейрамед аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳоми Тоҷибой сохта шудааст. Бинои мазкур дорои 64 кати хоб мебошад. Воридкунии таҷҳизоти муосир имкон фароҳам овардааст, ки муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар шаванд.
Коргоҳи нави коркарди гӯшти парранда ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри Далерон. Иқтидори технология коркарди 120 тонна гӯшти мурғро дар бар гирифта, 10 намуди маҳсулоти гуногун истеҳсол карда мешавад.
Корхонаи истеҳсолии Шириниҳои Анас бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ғанизода Далер дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсоли он дар як моҳ зиёда аз 4 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми солонааш 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллии Наврӯзро, ки бо санъати баланди кандакорӣ барои истироҳату фароғати калонсолон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст, ба тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






