Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро бо майдони футбол ба истифода дода, ба бозиҳои варзишии гурӯҳи ҷавонони вилояти Суғд шинос шуданд.
Маҷмааи варзишӣ дорои 11 толори барҳаво мебошад, ки толори калонии 1000 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Минбаъд имкон пайдо шуд, ки наврасону ҷавонон аз руи 14 намуди варзиш тамрин намоянд. Ин аввалин маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дорои имкониятҳои васеъ барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад ва акнун барои гузаронидани мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мутобиқ ба талабот имкон пайдо шуд.
Дар Маҷмааи варзишии «Суғд-арена» 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва фароҳамсозии шароити намунавӣ барои ҷавонону наврасон баҳои баланд дода, масъулини сохторҳои марбута ва варзишгаронро барои истифодаи мусоид аз имконоти муҳайёшуда сайқал додани маҳорати касбии варзишӣ вазифадор намуданд.
Минбаъд дастаҳои мунтахаби вилояти Суғд дар ҳамин гуна шароити муосир барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳорати касбии варзишии худро такмил медиҳанд ва ин барои афзуншавии дастовардҳо мусоидат мекунад.
Иншооти муҳташами варзишӣ дар доираи сиёсати созандагии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.
Варзишгоҳи маҷмаа 3000 ҷойи нишаст дошта, ҳамчун базаи моддию техникии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд истифода мегардад.
Атрофи маҷмааи варзишӣ мутобиқ ба талабот чароғону сабзкорӣ шуда, шиору овезаҳои тарғибкунандаи тарзи ҳаёти солим насб шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






