Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд

Март 6, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос гардид.

Корхонаи мазкур барои истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо сармояи ватанӣ бунёд мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, то ин замон қисми асосии корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби хатҳои технологӣ идома доранд.

Бо бунёди ин корхонаи азим мавзеи кони Шоҳқадам, ки қаблан як макони ноободу харобазор буд, ба як шаҳраки пешрафтаи саноатӣ табдил меёбад.

Ба таъкиди масъулон, танҳо захираи маъдани оҳан дар ин кон наздики 60 миллион тонна мебошад.

Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва марҳилаи дуюм то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Дар марҳилаи аввал, яъне солҳои 2027-2029 маҳсулоти нимтайёр ва то соли 2031 маҳсулоти тайёр бароварда мешавад. Тибқи нақша оянда, солона 850 ҳазор тонна арматура истеҳсол хоҳад шуд. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ хоҳад буд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин кон, ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳанд шуд.

Корхонаи мазкур ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ буда, қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронда мешавад.

Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани он беш аз 2000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Март 6, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад