Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд

Март 5, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ташриф оварда, дар китоби ёдбуд, ки ба муносибати шаҳодати Роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва теъдоде аз масъулину фармондеҳони баландпояи ин кишвар боз шудааст, аз номи роҳбарияти олии мамлакат, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон изҳори тасаллият навишт.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбати кӯтоҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсту бародар ба роҳбарият ва мардуми Эрон бори дигар ҳамдардии амиқ баён намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Март 5, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд