Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд

Март 7, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мВт/соат шинос шуд.

Ин неругоҳ барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ дар 750 гектар сохта шуда, арзиши лоиҳавии он 125 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтмони он қариб 600 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст. Баъди ба истифода додани неругоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.

Тавре иброз гардид, дар назар аст, ки ояндаи наздик васлу насби панелҳои офтобӣ оғоз гардад.

Қоҳир Расулзода бунёди неругоҳҳои офтобиро қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат номида, барои тавсеаи кор ба масъулон дастуру супоришҳо дод.

Март 7, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд