Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Дар ҷаҳони имрӯз қудрати давлатҳо ба илму дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони онҳо вобаста буда, маҳз насли хушсаводу донишманд ва соҳибилму соҳибтахассус метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии Ватани худро таъмин намояд.

Ин масъала зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҳамасола дар кишвари маҳбубамон садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд ва барои наврасону ҷавонон шароити замонавии илмомӯзӣ фароҳам мегардад.

Бо дарназардошти афзалияти бештар пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтҳо иқдомҳои натиҷабахш амалӣ гардида истодаанд.

Таъсиси ин муассисаҳои  таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мункин аст.

Маҳз ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.

Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардида, дар он ҳадафҳои асосӣ, аз ҷумла, рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои зеҳнӣ дар идоракунии давлатӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин раванд ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои болозикр бо иқдоми навбатии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам меоранд.

Март 10, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин