Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ ба 381 ҳазор адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тадбирҳое, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ амалӣ мегарданд, ба афзоиши шумораи андозсупорандагон ва густариши фаъолияти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодаанд.
Аз ҷумла, ба роҳ мондани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир имконият фароҳам овардааст, ки муҳити соҳибкорӣ беҳтар гардида, шумораи субъектҳои хоҷагидор сол ба сол зиёд шавад.
Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ ба 381 ҳазор адад расидааст, ки нисбат ба аввали соли 2025 15,8 ҳазор адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 1,1 ҳазор ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, дар доираи рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар субъектҳои соҳибкорӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд. Дар баробари ин, ба ҳолати 1 январи соли 2026 зиёда аз 155 адад субъекти хоҷагидор ва шахсони воқеии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки 20 адад нисбат ба аввали соли 2025 зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 45 фоизи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ватанӣ, ки дар ширкатҳои давлати ҳамсоя ҳамчун муассис ба қайд гирифта шудаанд, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти соҳибкориро идома дода, муассис ва роҳбари шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.
Коршиносон таъсиси тиҷорат аз ҷониби шаҳрвандон дар хориҷи кишварро раванди маъмулии иқтисодӣ арзёбӣ намуда, онро пеш аз ҳама ба васеъ намудани бозор, гирифтани фоидаи бештар, зиёд будани талабот ба молу хизматрасонӣ, имконияти содирот ба кишварҳои ҳамсарҳад ва рушди хизматрасониҳои логистикӣ марбут медонанд.
Дар баробари ин, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории шарикони тиҷоратӣ ва кишварҳои ҳамсоя зиёда аз 3,5 ҳазор шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин — 1117 адад, Федератсияи Русия — 403 адад, Афғонистон — 424 адад, Ҷумҳурии Исломии Эрон — 328 адад, Туркия — 157 адад, Узбекистон — 155 адад ва Қазоқистон — 109 адад субъект ба қайд гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, намояндагони зиёда аз 85 кишвари ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ менамоянд.
Тавре дар Кумитаи андоз таъкид намуданд, чунин нишондиҳандаҳо аз беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва болоравии эътимоди соҳибкорон ба бозори дохилӣ шаҳодат медиҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






