СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд

Март 11, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026)  дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои тандурустию маориф идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ин ҷамоат бинои иловагии таълимӣ бунёд карда мешавад. Амалӣ гардидани ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки барои хонандагон шароити беҳтари таҳсил фароҳам гардида, сифати раванди таълим боз ҳам беҳтар гардад.

Инчунин дар назди кӯдакистони №6-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бинои иловагии таълимӣ сохта шуда, бинои мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад. Бунёди биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои соҳаи маориф ба бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия ва муҳайё намудани шароити муосири таҳсил мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар ин ҷамоат сохтмони бинои нави тиббии Беморхонаи ноҳиявии №7 идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нав бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мешавад. Беморхона дорои се шуъба буда, қариб ба 27 ҳазор аҳолии ҷамоат хизмати тиббӣ мерасонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 11, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд