«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

Март 5, 2026 08:54

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муваззаф гардидааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором ба роҳ монад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандоне, ки тавассути ин хатсайрҳо  нияти ба Ватан баргаштан доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат намоянд.

Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

+992446404049

+992446404050

+992937777459 (ватсап)

+992901115022 (ватсап)

+992901032000 (ватсап)

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мобилӣ: +989363253147

WhatsApp: +992918818889

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн

Тел: (+966 11) 5120333

WhatsApp: +966563417592

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Тел: +(971)24417950

WhatsApp: +971581531574

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

Тел: +(971)43945814

WhatsApp: +971585081221

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Уммон

Тел: (+965) 25329896

WhatsApp: +96565762307

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Тел: +974 44 12 39 06

WhatsApp: +97439902438

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Тел: +99391827271

WhatsApp: +9269738322

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тел: +994513484032

WhatsApp: +994 51 348 40 32

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2026 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд