Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори муассисаҳои молиявии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ /IFC/ дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Туркия, Покистон ва Афғонистон хонум Момина Айҷазуддин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории самарабахши дуҷониба, рушди бахши молиявӣ ва густариши дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои бахши хусусӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна муҳокима шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои бахши бонкии мамлакат бо ишора ба ҳамкории чандсолаи судманд бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, бахусус бо IFC иброз намуд, ки муносибатҳои шарикона дар таҳкими устувории низоми бонкӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунии корпоративӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва густариши фарогирии молиявӣ нақши назаррас гузоштаанд.
Ҷонибҳо имконияти густариши ҳамкориро дар самтҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон, рушди молияи “сабз” ва устувор, рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ ва идоракунии хавфҳо баррасӣ намуданд.
Татбиқи ин самтҳо ба таҳкими устувории молиявӣ, густариши фарогирии хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини рушди пойдори бахши молиявии мамлакат мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо дар анҷоми вохӯрӣ барои идомаи ҳамкории созанда ва самарабахш изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид






