ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 март, чоршанбе, 70-умин рӯзи соли 2026 аст
11 марти соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.
***
11 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми матбуоти форсизабонон ифтитоҳ гардид.
***
11 марти соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзуъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Венгрия, Бразилия, Бруней ва Того эътимодномаҳояшонро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.
***
Соли 2019 бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир намуданд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Агентии иттилоотии сол эълон гардид.
***
11 марти соли 2021 Ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Иттиҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид.
***
11 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пойтахти нави маъмурии Миср шинос гардиданд.
***
11 марти соли 2023 ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи назорат ва буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
11 МАРТ:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуот.
***
Дар Литва – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият.
***
Рӯзи ҷавонон – Замбия.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони «The Daily Courant» нашр шуд.
***
11 марти соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонуне қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.
***
11 марти соли 1669 дар Италия бузургтарин таркиши кӯҳи Этна рух дод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ғанӣ Абдулло— соли 1912 – драматург, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
***
Зебо Аминова— соли 1942 – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 март, сешанбе, 69-умин рӯзи соли 2026 аст






