ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, якшанбе, 74-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ҳамин рӯзи соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд.
***
15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.
***
15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар он ҷо ба нақби мошингарди «Чормағзак» оғози расмӣ бахшиданд.
***
15 марти соли 2012 дар Вазорати корҳои хориҷӣ Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷопон дар бораи амнияти озуқавии фермерҳои камбизоат ба воситаи табодули ёддоштҳо имзо гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба имзо расид.
***
15 марти соли 2016 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
***
15 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд.
***
15 марти соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.
***
15 марти соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
15 марти соли 2022 ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷилди 20-уми силсиламаҷмуаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд ба нашр расид.
***
15 марти соли 2023 намояндаи Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.
***
15 марти соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
15 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.
***
Дар Беларус – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1892 дар Англия клуби футболи «Ливерпул» таъсис дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Урун Кӯҳзод— соли 1937 – Нависандаи халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
***
Талбак Назаров- соли 1938 – доктори илми иқтисод, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 март, шанбе, 73-юмин рӯзи соли 2026 аст






